Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус тестҳои оҷилӣ ҷудо кард

Февраль 4, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия – Роспотребнадзор ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус  шумораи зарурии  тестҳои оҷилӣ  ҷудо карда шуд.  Ҳоло тестҳои мазкур дар Озмоишгоҳи вирусологии вазорат қарор дошта, дар ҳолати пайдо шудани  гумонбарони гирифтор  ба вируси нав  масъулин аз ин тестҳо истифода мебаранд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои номбурда, айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорат дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони  гумонбар ба коронавирус  онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.

«Ҳоло беш аз 300 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда  дар озмоишгоҳҳои вирусологии мамлакат  бистарӣ ва таҳти назорати духтурон қарор доранд. Бояд ҳаминро зикр намуд, ки  то ҳол дар ҷумҳурӣ ягон нафар шахси гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»,- гуфт  Мирҳамуддин Камолзода.

Ёдовар мешавем, ки  теъдоди ҳолатҳои тасдиқгаштаи  илтиҳоби  шуш, ки ангезандааш 2019-nCoV  мебошад, рӯзи сешанбе дар Чин 20 ҳазорро ташкил додааст. Мутобиқи гузориши  Кумитаи  давлатии  тандурустӣ,   шумораи  ҳалокшудагон  то 425 нафар расидааст.

 

Февраль 4, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад
Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад
Пешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид»
«БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН». Ин мукофоти Сарвари давлат мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Андешаҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Федератсияи Русия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари расмиро ба Русия дар тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ қадами муҳим номиданд
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
Барандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ: «Мехоҳам бо арзи сипосу миннатдорӣ дастоварди худро ба Президенти Тоҷикистон эҳдо намоям»