Худ ва дигаронро аз бемориҳо ҳифз намоед! Тавcияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба пешгирии коронавирус

Февраль 4, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин ба  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карда, ба хулосае омаданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад. Имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар    23 кишвари дигар дида мешаванд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)   авҷ гирифтани бемории мазкурро  чун  ҳолати  фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф  намудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро таҳия намудааст:

Шустани дастон:

— шустани дастон бо собун дар вақте ки ифлосии дастон намоён аст.

— агар ифлосии дастон намоён набошад, мунтазам дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда тоза кунед.

Дар чунин ҳолатҳо ҳатман шустани дастон шарт аст: 

— баъди сулфазанӣ ё атса,

— ҳангоми нигоҳубини бемор,

— пеш аз тайёр кардани хӯрок ва пас аз он,

— пеш аз хӯрок хӯрдан,

— баъд аз ҳоҷат кардан,

— баъди тоза кардани партовҳои ҳайвонот.

Худро солим нигоҳ доред!

— баъди даст задан ба ҳайвонот ва маҳсулоти гӯштӣ тез-тез дастонатонро бо собун шӯед,

— таҷҳизот ва ҷои кориро дар як рӯз як маротиба тоза ва дезинфексия кунед.

Дигаронро аз беморӣ ҳифз намоед!

— ҳангоми сулфазанӣ ва таби баланд аз робитаи наздик бо дигарон дурӣ ҷӯед,

— аз туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунед,

— агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед,

— ҳангоми кор бо ҳайвонот ва маҳсулоти гӯштӣ хилъати ҳимоявӣ, дастпӯшак ва ниқоб пӯшед,

— баъди анҷоми кор лавозимоти ҳимоявиро кашед. Ҳар  рӯз хилъатро шуста, дар ҷои кор нигоҳ доред,

— бо либосу пойафзоли кории ифлос ба хона наравед, то аъзои оиларо низ ба беморӣ мубтало накунед.

Риоя ва таъмини бехатарии ғизо

— дар минтақаҳое, ки хуруҷи беморӣ мавҷуд аст, бояд маҳсулоти гӯштии бехатар истеъмол намуд. Ба шарте, ки тарзи дуруст ва бехатар кардани хӯрок риоя шуда бошад,

— Чорвое, ки бо сабаби беморӣ мурдаанд, набояд хӯрда шаванд,

— барои пора кардани гӯшти хом ва таомҳои пухта аз корд ва тахтачаи алоҳида бояд истифода намуд,

— ҳангоми истифодаи ғизои хом ва пухта бояд дастонро шуст,

— ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳон ва бинии худро бо даст ё рӯймолча пӯшонед,

—  дастмолҳои истифодашударо партофта, дастонро ҳатман шӯед,

— дастмолҳои истифодашударо ҳатман ба зарфҳои пӯшида партоед,

— баъди нигоҳубини бемор дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шуста тоза кунед.

Ҳангоми саёҳат кардан

— танҳо хӯрокҳои хуб пухта шударо истеъмол намоед,

— аз туф кардан дар ҷойҳои ҷамъияти худдорӣ кунед,

— аз робитаи наздик ва сафар бо бо ҳайвоноти бемор худдорӣ кунед,

— ҳангоми дар сафар бемор шудан ба экипаж хабар диҳед ва сари вақт барои расонидани  кумаки тиббӣ муроҷиат кунед,

— агар ба кумак ва таваҷҷуҳи тиббӣ эҳтиёҷ дошта бошед, ҳолат ва таърихи онро ба духтур фаҳмонед,

— агар пӯшидани ниқобро ихтиёр кардед,  боварӣ ҳосил кунед, ки даҳон ва бинӣ пӯшида шудаанд,

— баъд аз пӯшидани ниқоб ба он даст нарасонед,

— пас аз истифодаи ниқоби яккарата онро фавран партофта, дастонатонро шӯед,

— аз робитаи наздик бо шахсони  гирифтори табларза ва сулфазанӣ худдорӣ кунед,

— ба чашм, бинӣ ё даҳон даст нарасонед,

— агар табларза ва сулфа дошта бошед, аз сафар худдорӣ намоед,

— агар табларза, сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.

Февраль 4, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид