Имрӯз — Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон. Ноумед набояд шуд, табобати саратон ҳатто дар дараҷаи 3 ва 4 имконпазир аст

Февраль 15, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон  аст, ки ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Умарова ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ ба  2,8 фоиз бемории саратони кӯдакона дида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 кӯдаки гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона  сол то сол дар байни кӯдакон ин беморӣ  зиёд шуда,  ҳамасола аз 200 то 230 кӯдак бори аввал ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона бо бемории саратон муроҷиат менамоянд.

Ба гуфтаи мавсуф, сабаби гирифтор шудани кӯдакон ба бемории саратон гуногун буда, он метавонад аз насл ба насл гузарад. Инчунин дар  натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд. Ҳар як сеюм беморе, ки ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона муроҷиат менамояд, падару модари онҳо дар никоҳи хешутаборӣ мебошанд.

«Миқдори умумии бемороне, ки дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакона муолиҷа мешаванд, 1000 нафар мебошад.  Бояд гуфт, ки ҳангоми сари вақт ба духтур муроҷиат намудани бемор, фоизнокии сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Зеро  бештари беморон танҳо дар дараҷаи сеюм ва чорум ба мутахассис  муроҷиат мекунанд»,-  афзуд номбурда.

М.Умарова иттилоъ дод, ки  нишонаҳои асосии саратон  пайдошавии омосҳо, беҳолӣ, надоштани иштиҳо, баланшавии  ҳарорати бадан то 37,6 дараҷа  ва аз ин зиёд мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани омосҳо дар бадани кӯдак волидайн ва табибони  оилавӣ метавонанд онро муайян кунанд.

-Имрӯз дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакона тамоми шароити тасхису табобат фароҳам оварда шуда, инчунин  утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода гардидааст. Ҳамчунин ин  кӯдакон аз табобати пурра мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат мешаванд.

Дар Тоҷикистон бештар бемории саратони лимфоӣ маъмул мебошад. Аз ин навъи беморӣ системаи лимфоии организми кӯдак осеб меёбад. Табобати чунин кӯдакон қариб ду сол давом ёфта, беморон то 5 сол таҳти назорати доимии духтур қарор мегиранд.

«Кӯдакони гирифтори бемории саратон ба таври тӯлонӣ табобат мешаванд, аз ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем. Барои мактаббачагон дар шуъба дарсҳои мактабӣ таълим дода мешаванд, то онҳо ҳангоми муолиҷа аз дарсҳо қафо намонанд. Инчунин  дар шуъба духтури равоншинос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо волидон ва кӯдакон кор мебарад. Шурӯъ аз соли 2009  Бунёди хайриявии «Лона» шуъбаро парасторӣ намуда, маводҳои дорувориро ба таври ройгон  дастрас менамояд», — илова кард Моҳира Умарова.

Номбурда  аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мардум ҳангоми муроҷиат хеле ҳасос буда, дар мафкураи онҳо андешаҳои нодуруст нисбат ба бемории саратон ҷой гирифтаанд.  Аксарият  оқибати ин бемориро фоҷиавӣ медонанд. Ин дар ҳолест, ки муолиҷаи навъҳои гуногуни саратон дар марҳилаи аввал  комилан имконпазир буда,   ҳатто дараҷаи 3 ва 4 низ   метавонад  табобат шавад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд