ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Арзиши хизматрасонии он муқаррар гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян ва муқаррар гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020 бо дарназардошти марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирии довталабон чунин муқаррар гардидааст:
Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 210 (дусаду даҳ) сомонӣ. Инчунин барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 — 160 (яксаду шаст) сомонӣ ва барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқарар намуданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод мебошанд.
Инчунин шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва кӯдакони маъюб аз пардохти 50%- и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод мебошанд.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1 ё 2 ё кӯдаки маъюб бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Ҳамчунин агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод мебошад.
Шахси аз пардохти 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 105 (яксаду панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2020 бояд маблағро барои хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пешакӣ пардохт карда, расиди аз филиал ба ӯ додашударо бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба корманди нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст. Инчунин макони бақайдгирӣ ва филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сомона ҷой дода шудаанд.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






