«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Сафири Амрико сокинони Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қироати як дубайтии Рӯдакӣ шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 22.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Поммершайм 21 феврал сокинони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қироати як дубайтӣ аз Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар пояи муҷассамаи Одамушшуаро табрик гуфт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сазовори ситоиши даҳҳо нафар хонандагон гардид.
Сафорати ИМА дар саҳифаи худ шабакаи Facebook чунин нигоштааст:
«Дӯстон, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак!
Созмони Миллали Муттаҳид 21 февралро Рӯзи забони модарӣ эълон кардааст.
Ба муносибати ин руз, барои шумо дубайти аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёт форсу тоҷикро дар қироати Сафир Поммершайм тақдим менамоем. Кадоме аз эҷодиёти устод Рудакӣ ба шумо писанд аст? Ба мо дар зер нависед».
***
Happy International Mother Language Day! International Mother Language Day has been observed every year since February 2000 to promote linguistic and cultural diversity and multilingualism. Check out this video of Ambassador Pommersheim reciting a Tajik poem by Abuabdullohi Rudaki, founder of classical Persian and Tajik literature. What are some of your favorite poems by Rudaki?
Ва сипас навори видеоие гузошта шудааст, ки дар он сафири муҳтарам Ҷон Поммершайм бо лаҳни тоҷикӣ ин мисраҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат менамояд:
Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчун дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Зери чунин табрикот ва нияти неки сафири ИМА садҳо нафар лайк мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершайм моҳи январи соли 2019 ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таъйин гардид ва моҳи марти ҳамон ба иҷрои вазифа шуруъ кард. Ва дар зарфи камтар аз як сол забони тоҷикиро омӯхт ва алакай чандин бор ба тоҷикӣ суханронӣ кардааст. Ва шояд дар ду моҳи қабл аз омаданаш омӯхта буд? Вале ин муҳим нест, муҳим он аст, ки сафири қудратмандтарин кишвари олам ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллии мо арҷ мегузорад!








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






