ИНТИХОБОТ-2020. Ҷиҳати шаффоф гузаштани интихобот миёни аҳолии ноҳияи Муъминобод корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Муъминобод №38, ки ба он се ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон — Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин шомил мебошанд, 134 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи мазкур 110 ҳазору 449 нафарро ташкил дода, 2743 каси онҳо 18-сола буда, бори аввал овоз медиҳанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Муъминобод №38 Раҷабалӣ Табарзода иттилоъ дод.
Р.Табарзода иброз дошт, ки дар ҳавза ва участкаҳои интихоботии вакилони маҷлиси маҳаллӣ тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳо ташкил карда шудаанд. Масъулини ин ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ баён доштанд, ҷонибдорӣ ва иҷро намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Аксарияти участкаҳои интихоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биноҳои ҷамоати шаҳраку деҳот ҷойгир гардидаанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ва гӯшаҳои интихоботӣ бо маводи иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шуда, дар мавзеъҳои аҳолинишин маводи иттилотӣ паҳн ва насб карда мешаванд.
Дар онҳо барои овоздиҳандагон шароити хуб фароҳам оварда шуда, кабинаҳои овоздиҳӣ пурра омода гардидаанд. Ҳамчунин дар участкаҳои интихоботӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд қуттиҳои сайёр ташкил карда шудаанд.
Аз ҷониби масъулини ҳавзаи мазкур ҷиҳати шаффоф гузаштани интихобот миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.