ИНТИХОБОТ-2020: Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз бо сарвари миссияи мушоҳидони ИДМ Агибай Смагулов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода бо сарвари миссияи мушоҳидони ИДМ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов ва муовини ӯ, мушовири Кумитаи иҷроияи ИДМ Олег Кулеба мулоқот намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, мулоқот дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, доир карда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд, ҳамкории мутақобилаи КМИР ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ бо роҳбари миссияи мушоҳидони ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ин созмон Агибай Смагулов ва мушовири КИ ИДМ Олег Кулеба табодули назар карданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оид ба чорабиниҳои омодагӣ ба интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихоботи вакилони халқи дарпешистода амалӣ гардиданд, маълумот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.
Дар хотимаи ҷаласа Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ба Агибай Смагулов ва Олег Кулеба шаҳодатномаҳои мушоҳиди байналмилалиро супорид.
Агибай Смагулов – дипломатии маъруф ва мутахассиси соҳаи байналмилалист, ки забони тоҷикиро хуб медонад, қаблан дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон кор кардааст, дар Қӯшунҳои сарҳадии собиқ ИҶШС ба ҳайси афсар хидмат намуда, дорои рутбаи Сафири фавқулода ва мухтор ва муаллифи се китоб мебошад. Олег Кулеба бошад ба ҳайси мушовири КИ ИДМ кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 7 феврал АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ дода буд, ки 10 феврал ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз менамоянд.









Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






