Кӯлоб: Соли гузашта бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳр 2,6 маротиба афзудааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмири 271 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора 234 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 2 беморхона, 2 маркази савдо, 4 мағоза, 2 ҳаммом, 6 муассисаи таълимӣ, 3 дорухона, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, меҳмонхона, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, маркази омӯзиши забонҳо сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Баҳром Иноятзода ҳамчунин зикр кард, ки айни замон дар 121 иншооти шаҳр, аз ҷумла 23 корхонаи саноатӣ, 5 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 4 толори варзишӣ, 65 маркази хизматрасонӣ ва савдо корҳои сохтмонӣ идома доранд.
«Соли гузашта дар шаҳр 32 448 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар зиёд мебошад», — илова кард Раиси шаҳри Кӯлоб.
Дар нишасти мазкур таъкид гардид, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб- ин тавқият бахшидан ба барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мебошад.
Гуфта шуд, ки айни замон лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» таҳия гардида, 41 лоиҳаи афзалиятноки барномаи пешин ҳангоми таҳияи барномаи нав ба инобат гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






