Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад

Февраль 10, 2020 13:12

ДУШАНБЕ,10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Лоиҳаи нави Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд, муҳокима шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади иҷрои супориши протоколии ҷаласаи ҳаждаҳуми  Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия гардидааст.

Зимнан, охирҳои моҳи январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳаждаҳуми  Шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  таъкид карданд, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба  қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон  яке аз ҳадафҳои  стратегии мамлакат муайян шудааст.

Пешвои миллат аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва татбиқи стратегияву барномаҳои рушди нақлиёт ёдовар шуда, ба Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки Кодекси нави нақлиёти автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

30 октябри соли 2019 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар қатори дигар масъалаҳо Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилӣ низ мавриди  муҳокима қарор гирифта, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Кодекс мутобиқгардонии қонунгузории миллии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи Конвенсия, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ мебошад.

«Инчунин дар лоиҳа механизми муосири низоми идоракунии давлатӣ бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта пешбинӣ гардида, бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, масъалаи татбиқи амалишавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба инобат гирфита шудааст»,- афзуд котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои расмӣ, лоиҳаи нави Кодекси нақлиёт  аз лоиҳаи қаблии он, ки дар заминаи Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ду маротиба солҳои 2016 ва 2017 бо вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд,  фарқияти зиёд  дорад.

«Ин навбат барои  коркарди лоиҳаи Кодекс ба гурӯҳи кории таъсисёфта, дар қатори мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовирони байналмилалӣ ва ватанӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт ва экологӣ низ ҷалб гардиданд», — иттилоъ дода буданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Кодекси болозикр аз 9 қисм, 5 зерқисм, 4 боб ва 122 модда иборат буда, дар доираи он самтҳо оид ба танзими фаъолияти нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда мешаванд.

Акс аз бойгонӣ

Февраль 10, 2020 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд