КОРОНАВИРУС ВАРЗИШИ ҶАҲОНИРО ХАРОБ МЕСОЗАД. Бори нахуст Бозиҳои олимпӣ ва Чемпионати Аврупо оид ба футбол зери таҳдиди барпо нашудан қарор доранд

Февраль 26, 2020 14:07

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мансабдорони соҳаи варзиш  истисно намекунанд, ки бо сабаби паҳн шудани бемории Covid-2019 ЕВРО-20 ва Бозиҳои олимпӣ ба муҳлати дигар гузаронида мешаванд. Агар ҳамин тавр шавад, эпидемияи коронавирус  ба ташкилкунандагони бозиҳои варзишӣ зарари калон мерасонад. 

Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар»  шарҳ медиҳад.

Эпидемияи коронавирус, новобаста аз тадбирҳои андешидаи мансабдорони чинӣ дар ҷаҳон паҳн мешавад. Зарари калонтарини он  ба ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавӣ, дар навбати аввал варзишӣ расид. Эпидемияи коронавирус тақвими варзиширо барои як сол хароб месозад. Дар ВАО иттилое пайдо шуданд, ки  чорабинии асосии варзишӣ, ки ба он чор сол тайёрӣ медиданд,  – Бозиҳои олимпӣ дар Токио зери хавфи барпо нашудан қарор дорад.

Вазъияти ба ин монанд инчунин ба баргузории Чемпионати 16-уми Аврупо оид ба футбол низ  дахл дорад.

Олимпиада-2020

 Бо сабаби хатари эпидемия бори аввал дар таърих мусобиқаҳои калони варзишӣ метавонанд ба таъхир гузошта шаванд.  Узви  Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) Ричард Пун гуфт, ки дар моҳи май тасмим дар бораи мавқуф гузоштани Олимпиада, ки тобистони соли 2020 дар Токио бояд баргузор шавад, шояд қабул гардад. Пештар Бозиҳои олимпӣ танҳо бо сабаби ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ бекор карда шуда буданд.

Як рӯз пеш ВАО хабар доданд, ки КБО ба эҳсосот  роҳ намедиҳад ва Олимпиадаро ба вақти дигар мегузаронад. Бо вуҷуди ин, собиқ роҳбари ВАДА Дик Пун дар мусоҳиба бо AР гуфт, ки охири фасли баҳор қарори ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.

“Яқинан, ҳама чиз тӯли  ду моҳи наздиктарин, яъне то моҳи май ҳал хоҳад шуд. Зеро он вақт марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Бозиҳо оғоз мешавад: амният таъмин мегардад,  маводи хӯрокӣ ворид карда мешавад, меҳмонхонаҳо омода гардида,  деҳаи олимпӣ муҷаҳҳаз карда мешавад, рӯзноманигорон меоянд. Ва агар чизе ба ин марҳилаи омодагӣ халал расонад, пас мо метавонем дар бораи манъ кардани ҳамаи олимпиадаҳо андеша  кунем»,-гуфт ӯ.

Ба дигар давлат гузарондани Бозиҳои олимпӣ комилан истисно  мешавад. Япония барои Олимпиада-2020 беш аз 12 миллиард доллар сарф кардааст. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки касе розӣ шавад, алахусус дар кӯтоҳтарин муддат, чунин хароҷот кунад. Аммо, бешубҳа, КБО ягон нақшаи дигар шояд дошта бошад. Ва он гоҳ Олимпиада аз Токио гирифта намешавад, балки, барои мисол, он ба муддати як сол ба таъхир гузошта мешавад. Масалан, дар Чин чунин карданд. Дар он ҷо бояд як чемпионати ҷаҳонии зимистона оид ба варзиши сабук баргузор мегардид ва онҳо онро аз мамлакат нагирифтанд, аммо муҳлатро ба муддати як сол зиёд карданд.

Бекор кардан ё ба таъхир гузоштани бозиҳои олимпӣ хароҷоти ҳангуфти дигар низ талаб мекунад. Танҳо ҳуқуқҳои телевизионӣ миллиардҳо доллар арзиш доранд.  Дар Япония 7,5 миллион дархост барои  чипта ворид шудааст. Маълум аст, ки КБО ҳатто намехоҳад дар бораи интиқол ва хусусан бекор кардани он фикр кунад. Дик Пун инчунин ёдовар шуд, ки дар давраи чаҳорсолаи ҷории олимпӣ, КБО ният дорад, ки тақрибан 6 миллиард доллар ба даст орад, тақрибан аз чор се ҳиссаи ин маблағро КБО аз фурӯши ҳуқуқи пахши он ба шабакаҳои телевизионӣ ба даст меорад.

Бояд зикр кард, ки дар тамоми таърихи муосири олимпӣ (аз соли 1896) Бозиҳо танҳо дар давраи ҷанги ҷаҳонӣ — солҳои 1916, 1940, 1944 бекор гардида буданд.

Чемпионати Аврупо 2020

Эпидемияи коронавирус ба Италия таъсир расонд. Дар шимоли кишвар аз сабаби шиддат гирифтани он бозиҳои чемпионат рӯзи якшанбе ба таъхир афтоданд. Рӯзи сешанбе бори аввал як намояндаи УЕФА баргузории Чемпионати Аврупоро зери шубҳа бурд.

Рӯзи сешанбе ноиби президенти УЕФА Микеле Уваи италявӣ дар мусоҳиба бо RAI Radio 1 Sport оид ба ба эҳтимоли бекор кардан ё мавқуф гузоштани Евро-2020 бо сабаби сар задани коронавирус дар Апеннин сухан гуфт.

«Имрӯз мо дар бораи чунин сенария гап намезанем, — гуфт Ува. — Мо ҳоло ҳам аз рӯи нақшаи ташкилӣ пеш рафта истодаем ва вазъро дар ҳар як кишваре, ки мусобиқотро баргузор мекунад, бодиққат назорат карда истодаем. Агар ҳолатҳои фавқулода рӯй надиҳанд, Чемпионати Аврупо дар вақти таъйиншуда дар шаҳрҳои интихобшуда баргузор мегардад».

Ҳафтаи гузашта шумораи одамони мубталои коронавирус дар Италия бо воҳидҳо ҳисоб карда мешуд ва ба ҳолати субҳи рӯзи сешанбе шумораи онҳо ба 283 нафар расид. Рӯзи душанбе дар Италия ҳафт нафар аз коронавирус фавтиданд.

Рӯзҳои истироҳат дар Италия беш аз 40 бозӣ дар ҳама бахшҳои футбол, аз ҷумла дар серияи  А («Интер» — «Сампдория», «Торино» — «Парма», «Аталанта – Сассуоло» ва «Верона – Каляри») лағв шуданд. Бозии ҷавобии 1/16-финалии Лигаи Аврупо байни «Интер» ва «Лудогоретс» рӯзи панҷшанбе дар Милан баргузор мешавад, ки он бо талаби УЕФА бидуни мухлисон доир мегардад. Айнан ҳамин талабот даври баъдӣ низ амалӣ мешавад: ҳадди аққал шаш бозӣ, аз ҷумла бозии марказии «Ювентус» ва «Интер» бидуни тамошобин баргузор мешаванд.

Коронавирус на танҳо ба футболи Италия таъсир расонд. Одамон дар Милан метарсанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз видеоҳои мағозаҳои холии шаҳр мебошанд, мардум барои истифодаи оянда маҳсулот мехаранд.

Агар корҳо бо чунин суръат идома ёбанд, бекор кардани Евро 2020 -ро истисно кардан ғайриимкон аст. Аммо, ҳоло ҳам вақти кофӣ ҳаст. Умедворем, ки пеш аз тобистон  кишварҳои дахлдор  метавонанд вирусро мағлуб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо бояд аз 12 июн то 12 июл дар 12 шаҳри Аврупо баргузор шавад. Дар байни онҳо шаҳри Рим  ҳаст, ки бозии кушоди мусобиқа байни Италия ва Туркия дар назар аст. Умуман дар варзишгоҳи «Олимпико» бояд се бозии марҳилаи гурӯҳӣ ва чорякфиналро баргузор гарданд.

Аммо дар ҳоли ҳозир гуфтан ғайриимкон аст, ки мусобиқа аниқ сари вақт баргузор мешавад. Ҷое нест, ки онро интиқол диҳанд ва чунин ҷуғрофияи васеи мусобиқа метавонад ба паҳншавии вирус дар тамоми қитъа мусоидат кунад.

                                                               АКСҲО аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2020 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид