Маҳмадсаид Зувайдзода: «Соли гузашта дар Душанбе 31 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд»

Февраль 12, 2020 13:48

ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 бо дастуру ҳидоят ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Душанбе корхонаҳои муосири истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватании «Зиркон», ҷиҳозбарории «Бисот», истеҳсоли  маҳсулоти заргарии «Равшан»  ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо таъсиси  беш аз 500 ҷойи нави корӣ ба истифода супорида шуданд. Аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав  дар корхонаю  коргоҳҳои пойтахт, дар маҷмӯъ, беш аз 31  ҳазор ҷойи  корӣ таъсис дода шуд. Ин матлабро  имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода баён намуд.

Мавсуф иттилоъ дод, ки  соли гузашта дар шаҳри Душанбе барои бунёди 5 корхонаи саноатии истеҳсоли семент, орд, қолин, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ бо 1150 ҷойи нави корӣ санги асос гузошта шуд. Ҳаминчунин дар ин сол  62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018  мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд аст.

«Соли сипаригардида   аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22  фоиз афзоиш  ёфт. Содироти маҳсулоти саноатии пойтахт  дар ҳамин  давра ба 5,2 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли 2018-ум 1,7 баробар зиёд мебошад»,-афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Гуфта  шуд, ки  соли 2019  дар пойтахт  58 майдончаи варзишӣ  ва 6 боғу  гулгашт  сохта,  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо ибтикори Сарвари давлат дар пойтахт барои бунёди Боғи “Истиқлолият» бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ” ва 8 меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд, ки айни замон корҳои сохтмонии онҳо бомаром идома доранд.

Ҳамчунин  соли 2019 дар шаҳри Душанбе бунёди 11 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, таъмиру навсозии 20 муассисаи тандурустӣ, 26 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 1545 ҷойи нави корӣ, 126 ҳазор метри мураббаъ роҳҳо, 104 бинои баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо, таъмири 75 хобгоҳ,  рангубори 922 бино ва навсозии 237  нуқтаи партовпартоӣ амалӣ карда шуданд, ки ин 103,3 фоизи иҷрои нақшаи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

М.Зувайдзода таъкид намуд, ки корхонаи обу корези шаҳр давоми чанд соли охир, соли 2019 бори аввал фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст кард. Бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи обу корез бо Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 46 миллион доллари ИМА ба имзо расид ва ҳоло амалӣ мегардад.

Ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи  обтаъминкунӣ ва корез дар ноҳияи Сино  бо  Бонки Умумиҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа ҷудо кардани 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи грантӣ дастгирӣ ёфтааст.

“Соли 2019 сохтмони марҳалаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ ба маблағи 5,5 миллион  доллари амрикоӣ ба анҷом расонида шуд, ки иқтидори шабонарӯзии он 150 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад ва  ин иншоот нисфи аҳолии пойтахтро бо оби босифати ошомиданӣ таъмин месозад”, — илова намуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба  саволҳои  намояндагони воситаҳои  ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва ниншондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва вазифаҳо барои солҳои минбаъда посух гуфтанд.

Февраль 12, 2020 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Пагоҳ Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд