МУҲЛАТИ АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО ТО ДУ СОЛИ ДИГАР ТАМДИД КАРДА ШУД. Дар ин бора қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои ID то ду соли дигар тамдид карда шуд. Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 103 аз 14 феврали соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур, дар банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» калимаҳои «дар давоми як сол» ба калимаҳо ва рақамҳои «то 15 феврали соли 2022» иваз карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд то 15 августи соли 2019 симкортҳои худро бо шиносномаҳои ID-и намунаи 2014 аз нав ба қайд мегирифтанд. Моҳи август Ҳукумати мамлакат муҳлати азнавбақайдгириро шаш моҳи дигар — то 15 феврали соли 2020 тамдид намуд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 6,9 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора танҳо 2,8 миллионаш бо шиносномаҳои намунаи нав ба қайд гирифта шудаанд. Ҳатто, бо назардошти он ки баъзе шаҳрвандон ду симкорт доранд, тақрибан 3 миллион нафар то ҳол шиносномаи нав нагирифтаанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд, шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлати дар онҳо нишондодашуда эътибор доранд, зеро ҳеҷ кас эътибори онҳоро бекор накардааст. Онҳое, ки телефони мобилӣ истифода намекунанд, уҳдадор нестанд, ки шиносномаи худро бо шиносномаи намунаи нав иваз намоянд. Тибқи қарори Ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои ID-и намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гиранд. Ба номи як шахс аз ду симкорт зиёд ба қайд гирифта намешавад.
Хотиррасон менамоем, ки пас аз ба охир расидани муҳлати дар қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда, яъне 15 феврали соли 2022, хизматрасонии симкортҳое, ки бо шиносномаҳои ID аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, қатъ карда мешавад.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






