МУҲЛАТИ АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО ТО ДУ СОЛИ ДИГАР ТАМДИД КАРДА ШУД. Дар ин бора қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

Февраль 15, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои ID то ду соли дигар тамдид карда шуд. Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 103 аз 14 феврали соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур, дар банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» калимаҳои «дар давоми як сол» ба калимаҳо ва рақамҳои «то 15 феврали соли 2022» иваз карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд то 15 августи соли 2019 симкортҳои худро бо шиносномаҳои ID-и намунаи 2014 аз нав ба қайд мегирифтанд. Моҳи август Ҳукумати мамлакат муҳлати азнавбақайдгириро  шаш моҳи дигар — то 15 феврали соли 2020 тамдид намуд.

Тибқи маълумоти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 6,9 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора танҳо 2,8 миллионаш бо шиносномаҳои намунаи нав ба қайд гирифта шудаанд. Ҳатто, бо назардошти он ки баъзе шаҳрвандон ду симкорт доранд, тақрибан 3 миллион нафар то ҳол шиносномаи нав нагирифтаанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд, шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлати  дар онҳо нишондодашуда эътибор доранд, зеро ҳеҷ кас эътибори онҳоро бекор накардааст. Онҳое, ки телефони мобилӣ истифода намекунанд, уҳдадор нестанд, ки шиносномаи худро бо шиносномаи намунаи нав иваз намоянд. Тибқи қарори Ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои ID-и намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гиранд. Ба номи як шахс аз ду симкорт зиёд ба қайд гирифта намешавад.

Хотиррасон менамоем, ки пас аз ба охир расидани муҳлати дар қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда, яъне 15 феврали соли 2022,  хизматрасонии симкортҳое, ки бо шиносномаҳои ID аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, қатъ карда мешавад.

Февраль 15, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ беназир аст
БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт
Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023
МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омили пешгирии чангу ғубор аст
26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ