Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар оғози кишти пунбадона дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок кард

Февраль 26, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар 25 гектар замини ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Нури Вахш», «Деҳқонобод» ва «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯсти кишти пунбадона дар зери плёнка шурӯъ гардид. Дар оғози кишти пунбадона муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ва роҳбарони хоҷагию деҳқонон иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Дӯстӣ имсол дар 7 ҳазору 74 гектар кишти чигит  гузаронида мешавад. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати «Ҷунтай Хатлон Син-Силу» дар  беш аз 2 ҳазор гектар кишти зери плёнка гузаронида мешавад.

Зимни боздид аз ҷараёни кишти пунбадона масъулини ширкати «Ҷунтай Хатлон Син – Силу» ба муовини Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки имсол аз навъи тухмии «Синзиян-39» истифода намуданд, зеро ин навъи тухмӣ ба иқлим ва хоки мавзеи Гароутии ноҳияи Дӯстӣ  мувофиқ мебошад. Инчунин 14 адад тухмипошакҳо омодаи кор буда, дар як рӯз дар 9-10 гектар пунбадона кишт мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати мазкур беш аз ҳазор тонна тухмии хушсифати навъи «Ҷиликӯл» захира дошта, барои кишти ин навъи тухмӣ бо хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди вилояти Хатлон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш 26 декабри соли 2019 ба масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани кишти зироат, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот супориш доданд.

Хамчунин масъулин зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва изофа намудани оби зарурӣ барои пойгоҳҳои обрасонӣ дар мавзеи Гароутии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуд. Зеро дар мавзеи Гароутӣ 9 ҳазору 270 гектар замин бо оби техникӣ таъмин карда мешаванд.

Февраль 26, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид