Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе: «Дар хусуси кӯчонидани «Чойхонаи Роҳат» ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст»
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тақозо менамояд, ки бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (собиқ бинои ДИПҶТ) тахриб карда шавад. Дар ҷои он биноҳои бисёрошёнаи муосир бунёд мегарданд. Дар хусуси кӯчонидани «Чойхонаи Роҳат» ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст. Айни замон лоиҳаи навсозии роҳи танобӣ дар мавзеи «Боғи Ғалаба»-и пойтахт таҳия гардида, татбиқгари он низ ояндаи наздик муайян мешавад.
Ин матлаб посухи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода аст, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ менамояд. Дар ҳудуди заминҳои ба пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ воридшуда мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо ба нақша гирифта шудаанд»,-афзуд М.Зувайдзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






