ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад

Февраль 3, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда,  рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  аз 4-9 то 10-15 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон ва дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Шамол  аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати  4-9  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шудааст. Рӯзона  дар ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, рӯзона дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ барф меборад.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук  ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок мешавад. Рӯзона  борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 3, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид