ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарўзи наздик дар доманакўҳ ва минтақаҳои кўҳии вилоятҳои Хатлону Суғд эҳтимоли фаромадани сел пешгўӣ мешавад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд) ва минтақаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (шоҳроҳи Нуробод- Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгўӣ мешавад. Инчунин дар ағбаҳо пайдоши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтўдаҳо дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+3 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони майда меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст






