ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда дар назар аст

Февраль 4, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи барфи суст меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  8-13 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  рӯзона тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, шабона дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд.  Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 4-9 то 11-16 ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона абрнок ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то  дараҷа гарм  ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 4, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад