ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.








Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд






