Ҷоми ФФТ-2020: «Хатлон», «Кӯктош» ва КМВА бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Февраль 25, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то  24 феврал  бозиҳои даври дуюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ,  дастаи  футболи  «Хатлон»-и Бохтар ғалабаи дуюми пайиҳами худро дар гурӯҳи «Б» ҷашн гирифт. Шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар даври дуюм бар  дастаи футболи   «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Наимҷон Иброҳимзода 2 гол зад. Голи сеюми бохтариҳоро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагии бозӣ (90+3) ба ҳадаф расонид. Голи дастаи  «Эсхата»-ро Мубинҷон Муъминов зад. Голи Муҳсин Абдуғаффоров аз пеналтӣ ба  дастаи «Кӯктош» дар бозӣ ба муқобили дастаи «Душанбе-83» 3 хол овард.

Дар гурӯҳи «А»  бозӣ миёни дастаҳои футболи  КМВА – «Равшан» бо ҳисоби  мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари  дастаи  «Равшан» Саидхони Амрохон дар дақиқаи 20-ум футболбози дастаи артиш Дилшод Восиев дар дақиқаи 74 бо гол ҷавоб гардонд.

Дар бозии дигар дастаи «Локомотив-Помир» бар дастаи «Истаравшан»  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Шуҳрат Элмуродов дар дақиқаи 17 ҳисобро ба нафъи  дастаи «Локомотив-Помир» -и Душанбе кушод, бозингари Истаравшан Тулқин Умаров дар дақиқаи 30 ҳисобро баробар кард. Азизбек Ҳасанов дар дақиқаи 82 голи пирӯзиоварро ба нишон расонид.

Пас аз натиҷагирии ду давр дастаи футболи   «Хатлон»  бо 6 хол дар гурӯҳи «Б», КМВА ва «Равшан»  бо 4-холӣ дар гурӯҳи «А» пешсафанд.

Ёдовар  мешавем, ки  иштирокчиёни нимфинали Ҷоми ФФТ-2020 пас аз даври сеюм муайян мегарданд, ки 25-26 феврал доир мегардад.

Тақвими бозиҳои оянда

Даври 3-юм

25 феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)
10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал

28 феврал (ҷумъа)
11:00 – 1 «А» – 2 «Б»
15:00 – 1 «Б» – 2 «А»

1 март (якшанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
15:00 – Финал

Февраль 25, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид