Ҷоми ФФТ: «Истиқлол» ва «Кӯктош» рақибонашонро мағлуб намуданд

Февраль 6, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, ки  дар минтақаи Душанбе 2 идома дорад, ду рақобати  ҷолиб  сурат гирифт. Дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби калони 8:1 намояндаи Лигаи якуми Тоҷикистон- дастаи футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрии дигар дастаи футболи «Исқтилол»-и Душанбе бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад.

Ҷоми ФФТ-2020. Марҳилаи муқаддамотӣ.

Минтақаи Душанбе. Гурӯҳи «А». Даври 2-юм.

«Кӯктош»– «Шоҳмансур» 8:1

Голҳо: Фирӯз Қараев – 22; 28; Азизбек Султонов – 35; Абдурасул Раҳмонов – 65;68;82; Муҳаммад Гулаев – 72; Собирҷон Холматов – 88. – Қосим Музаффаров – 43.

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир» 4:0

Голҳо: Шериддин Бобоев – 20; Шаҳбоз Эркинов – 21; Табрези Давлатмир – 29; 35.

Хотиррасон  мешавем, ки  бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, ки дар шаҳри Душанбе   баргузор гардида буданд, ба анҷом расиданд

Бояд  зикр кард, ки  Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегарданд.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31  январ оғоз ёфт, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Шоҳмансур»-и  Душанбе дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  идома доранд.

Ба гурӯҳи «Б»  дастаҳои футболи  ССКА «Помир»-и  Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва «Душанбе-83»-и Душанбе  шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шудаанд.

Дар даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои  «Локомотив-Помир» бар «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол» бар «Шоҳмансур» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омаданд. Дар гурӯҳи «Б» ССКА «Помир» бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:0, «Регар-ТадАЗ» бар «Ваҳдат» бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе  6  феврал баргузор мешаванд. Бояд зикр кард, ки  мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар як давр сурат мегирад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста (дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ) роҳхат пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида мешавад. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуда буд.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Шоҳрух Сангов, 7 – ба дарвозаи худ (1:0). Ислом Зоиров, 14 (1:1). Муҳаммад Гулназарзода, 63 (1:2).

 «Истиқлол» – «Шоҳмансур» – 13:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 3 (1:0). Саидмухтор Азимов, 18 (2:0). Саидмухтор Азимов, 27 – аз пеналтӣ (3:0). Зоир Ҷӯрабоев, 32 (4:0). Ҷамшед Раҳмонов, 45+1 (5:0). Зиёвуддин Фузайлов, 48 (6:0). Салам Ашӯрмамадов, 54 (7:0). Рустам Соиров, 62 (8:0). Эҳсони Панҷшанбе, 73 (9:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 75 (10:0). Рустам Соиров, 77 (11:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 85 (12:0). Виктор Свежов, 87 (13:0).

 Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

ССКА «Помир» – «Душанбе-83» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 49 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 74 (2:0). Комрони Мирзохон, 84 (3:0).

 «Регар-ТадАЗ» – «Ваҳдат» – 6:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Сардор Эминов, 18 (2:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 28 (3:0). Алишер Холмуродов, 34 (4:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 43 (5:0). Нозим Бобоҷонов, 80 (6:0).

 Даври 2-юм

5 феврал (чоршанбе)

«Кӯктош» – «Шоҳмансур»- 8:1.

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир». 4:0

6 феврал (панҷшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

8 феврал (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

9 феврал (якшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Февраль 6, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд