Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Февраль 22, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи — 27 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

“Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем” — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор намуданд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бистуҳафтсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.02.2020

Февраль 22, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ба истифода дод
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди истифтода қарор гирифтанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат» шинос шуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъалаи тақвияти маданияти шаҳрнишинӣ ва пешгирии падидаҳои номатлубро байни  ҷавонон баррасӣ намуданд
ТИЛЛОИ НАВБАТӢ МУБОРАК! Давлат Болтаев дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали дуюми тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард
МАН МОДАРАМ, ХОҲАРАМ, ВАТАНАМРО ҲИМОЯ МЕКУНАМ! Дар Истаравшан баъди «кулчагазон» наваскаронро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
«СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040». Доир ба амалишавии он ҳамоиш доир шуд
«ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ПАЙВАНДИ ҶОНАМ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Кумитаи андози Тоҷикистон бо Донишкадаи муштараки Вена (JVI) баррасӣ шуд
Оилаи Шодиевҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ 2 нафар ва дар маҷмуъ 4 фарзанди худро ба хизмати ҳарбӣ равона намудаанд
Имрӯз Намоиши 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид