Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ» аз наздик шинос гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муассисаи мазкур зиёда аз 370 нафар ҷавонон аз рӯи шаш намуди варзиш пайваста ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати ба тамринҳои пайваста фаро гирифтани варзишгарон, ҷалби бештари сокинон ба варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин Абдулло Раҳмонзода аз имкониятҳои толори варзишии «Борбад» дидан намуда, барои ҷалб ва тарғиби навъҳои гуногуни варзиш ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.
Соли 2019 дастовардҳои варзишгарони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ назаррас буда, онҳо пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 1000 адад иншооти варзишӣ фаъолият дошта, ба оммавигардонии варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.








Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд






