Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V эътимоднома супорид

Февраль 18, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Осло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена)  Идибек Қаландар эътимодномаи худро ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбате, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сурат гирифт, Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Февраль 18, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»