Шукрулло Хайрзода: «Ҳамасола 60-65 фоизи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола тақрибан 60-65 фоизи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин карда мешаванд. Соли сипаригардида 377 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ин нуктаро ректори ин Донишгоҳ Шукрулло Хайрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО хабар дода, гуфт, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани хатмкардагони ин донишгоҳ тадбирҳои муайян андешида мешаванд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 115 донишгоҳ ва ташкилоти хориҷиву дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Инчунин дар донишгоҳи мазкур 731 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Шукрулло Хайрзода изҳор намуд, ки мақсади асосии бастани шартнома бо муассисаҳои олии хориҷи мамлакат- ин омӯзиши таҷрибаи якдигар ва тақвияти ҳамкории донишгоҳҳо мебошад.
Ӯ зикр кард, ки соли сипаригардида теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДМИТ дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат ба 24 нафар расид.
Инчунин гуфта шуд, ки соли сипаригардида дар донишгоҳ корҳои сохтмонию таъмирӣ низ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, як бинои замонавӣ бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шуд, ки дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, маркази тестӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир мебошанд.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






