Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид

Февраль 29, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мураттибӣ ва муҳарририи нависанда Садриддин Ҳасанзода аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.

Дар аввали маҷмӯа матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ҷойгир шудааст.

Таҳлилу тафсири нукоти муҳими Паём дар мақолаи Сайидмуъмин Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» хеле саҳеҳу барҷаста ва нишонрас мебошад. Муаллиф ба масоили иқтисодӣ, илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ, оид ба забони тоҷикӣ, хондани китоб, арҷгузорӣ ба таърихи миллат рӯ овардааст. Ӯ зикр мекунад, ки Паёми Пешвои миллат – беҳтарин ва мукаммалтарин роҳнамои таҳлилӣ, арзёбии воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар чӣ аз ҷиҳати  ҷиддияти назарияи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ мебошад. Паём сар то по барномаи мукаммали фаъолияти давлат ба хотири шукуфоӣ ва рушди миллат аст: Ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлуҳояш баррасӣ ва тафсир мекунад, сабабу омилҳои шаклгирӣ ва натиҷаи онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, балки ҳодисаҳоро дар шароити мушаххаси таърихи арзёбӣ карда, нақшаҳои муоссири рушди умумимиллиро барои ояндаи наздик муайян месозад. Мавзӯи марказӣ ва муҳтавои тамоми суханрониҳои Пешвои миллат – пойдорӣ ва тараққиёти устувори иқтисодӣ, рӯз ба рӯз беҳтар кардани шароити иҷтимоии мардум, дарки ҳарҷи истиқлолияти миллӣ мебошад.

Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо унвони «Дурнамои иқтисоди мамлакат дар Паёми Пешвои миллат» ном дорад. Дар он омадааст, ки яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба сокинони мамлакат пешниҳод намудани Паём аз ҷониби роҳбари давлат мебошад. Дар Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фикру андешаҳои мусбат баён гардидаанд. Аз ҷумла, сокинони ҷумҳурӣ бояд оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар тарҳи нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш изҳори андеша намудааст, ки ҳамаи ин далели ғамхории Сарвари давлат ба мардуми мамлакат  аст.

Таҳлилҳои доктори илми фалсафа, профессор, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ «Рушди тафаккури техникӣ ҳамчун омили муҳими бадастории ҳадафҳои миллии стратегӣ»-ро дар бар гирифтааст. Дар он омадааст: Паём барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040-умро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон намуданд, ин иқдоми шоиста дар давлати мо барои рушди мубориза алайҳи таассуб ва хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ як омили муҳим ва такони ҷиддие дар тақвият мафкураи мардум хоҳад гашт.

Дар мақолаҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Офаридаева, Аминназар Ашӯров «Паём ва  манфиатҳои миллӣ», «Мақолаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Паёми Пешвои миллат» аз бобати таъкидҳои Сарвари давлат дар таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, амалӣ сохтани тадбирҳои гуногун дар ин самт, музди меҳнати кормандони мақомот ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳангу варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоти буҷетӣ сухан меравад.

Мақолаи дотсент Қурбоналӣ Буризода ва нависанда Садриддин Ҳасанзода «Паём ва рушди соҳаи китобдорӣ» низ хеле ҷолиб ва хонданибоб аст. Дар он омадааст, ки бо эълони солҳои 2019-2023 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ ба инфрасохтори деҳот, хусусан ба бунёди нуқтаҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ дода шуд. Солҳои охир дар мамлакат соҳаи фарҳанг бомаром рушд карда, соли 2015 беш аз 400 иншооти фарҳангӣ бунёд ва аз таъмир бароварда шуданд.

Иқдоми дигаре, ки дар Паём ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аст, ки тавассути он дар дили ҳазорон дӯстдорони китоб, аз кӯдакон то пиронсолон муҳаббат ба китобу китобхонӣ ҷой гардид. Таъкид шуд, ки ба мақсади ҳарчӣ бештар шиносоӣ пайдо кардан бо таърихи аҷдодону гузаштагони ориёӣ аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари Б. Ғафуров «Тоҷикон» чоп гардида, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа карда шавад.

Хулоса, маҷмӯаи мазкур, ки дар он шарҳу тафсири сиёсатмадорон ва мутахассисони касбу кори гуногун ҷамъоварӣ шудаанд, дастури хубест барои тарғибгарони сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ,
сармуҳаррири Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Февраль 29, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд