Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад

Октябрь 7, 2026 09:21

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок менамоянд. Аз ин шумора 3 ҳазору 584 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 нафар донишҷӯён, 38 нафар магистранту аспирант, 385 нафар омӯзгорон ва 104 нафар намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Шумораи занону духтарон дар ин давр 3 ҳазору 625 нафарро ташкил медиҳад.

Даври сеюми озмун тибқи талаботи Низомнома дар марказҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо баргузор гардида, аз 7 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ҳисор оғоз меёбад.

Таъкид шуд, ки ба маҳорати ҳар иштирокчӣ бояд танҳо дар доираи талаботи Низомномаи озмун баҳо дода шуда, натиҷаи меҳнати довталабон холисона ва воқеъбинона арзёбӣ гардад.

Дар озмун барои иштироки тоҷикону форсизабонони бурунмарзӣ ба тариқи маҷозӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад дар назди Вазорати маориф ва илм комиссияи баҳодиҳӣ ташкил шуда, тартиби иштирок ва ҳуҷҷатҳои марбут ба озмун дар сомонаи вазорат ҷойгир карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор гардида, ҳамасола дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 7, 2026 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид