Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз 1000 гузашт
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон аз коронавирус ба 1 016 нафар расид. Танҳо дар як рӯзи охир шумораи қурбониёни ин вирус то 108 нафар афзоиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Комиссияи давлатии тандурустии Чин рӯзи сешанбе, 11 феврал хабар додааст.
103 нафар дар як рӯзи охир дар музофоти Ҳубей, ки маркази маъмурии Ухан аст ва маркази эпидемияи ин беморӣ гардид, фавтидаанд. Тибқи иттилои комиссия, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 42 638 ҳолати сирояти коронавирус тасдиқ шудааст. 37 726 нафар табобат мегиранд, ки 7 333 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. 3999 нафар пас аз табобат аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд.
Берун аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳолатҳои сироятёбӣ дар байни шаҳрвандони 24 давлат муайян карда шуданд. Дар Россия вирус дар ду шаҳрванди Чин ташхис шудааст.
Тибқи иттилои сардухтури санитарии Россия Анна Попова, пас аз он ки таҳқиқот бори дуюм табобат шудани онҳо аз «сирояти нави коронавирус» –ро тасдиқ намояд, онҳо ҷавоб дода мешаванд.
Авҷи илтиҳоби шуш бо навъи коронавируси 2019-nCoV дар маркази маъмурии Ухани вилояти Ҳубей охири декабри соли 2019 рух дод. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро ҳолати фавқулода эълон карда, ҳамчун эпидемия бо бисёр намудҳои мухталиф тавсиф кардааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






