Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз 1000 гузашт

Февраль 11, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шумораи ҳалокшудагон аз коронавирус ба 1 016 нафар расид. Танҳо дар як рӯзи охир шумораи қурбониёни ин вирус то 108 нафар афзоиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Комиссияи давлатии тандурустии Чин рӯзи сешанбе, 11 феврал хабар додааст.

103 нафар дар як рӯзи охир дар музофоти Ҳубей, ки маркази маъмурии Ухан аст ва маркази эпидемияи ин беморӣ гардид, фавтидаанд. Тибқи иттилои комиссия, дар  Ҷумҳурии Мардумии Чин 42 638 ҳолати сирояти коронавирус тасдиқ шудааст.  37 726 нафар табобат мегиранд, ки 7 333 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.  3999 нафар пас аз табобат аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд.

Берун аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳолатҳои сироятёбӣ дар байни шаҳрвандони 24 давлат муайян карда шуданд. Дар Россия вирус дар ду шаҳрванди Чин ташхис шудааст.

Тибқи иттилои сардухтури санитарии Россия Анна Попова, пас аз он ки таҳқиқот бори дуюм табобат шудани онҳо аз  «сирояти нави  коронавирус» –ро  тасдиқ намояд, онҳо ҷавоб дода мешаванд.

Авҷи илтиҳоби шуш бо навъи коронавируси 2019-nCoV дар маркази маъмурии Ухани вилояти Ҳубей охири декабри соли 2019 рух дод.  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро ҳолати фавқулода эълон карда, ҳамчун эпидемия бо бисёр намудҳои мухталиф тавсиф кардааст.

 

Февраль 11, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн