ТУТ тасдиқ мекунад, ки ниқобҳои тиббӣ худ ба худ кафолати бехатарӣ намедиҳанд

Февраль 4, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ниқобҳои тиббӣ  аз короновируси  2019-nCoV  ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд.  Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба бемории марбуте, ки дар Чин сар зад,  шарҳу эзоҳро  ба  саволу посухҳои муҳимтарин нашр намуд.     

«Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас бигардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда, аз ҷумла, беҳдошти покизагии даст ва роҳи нафас  риоя карда шаванд»,-  таъкид менамояд ТУТ.  Зери мафҳуми «беҳдошти роҳи нафас»   коршиносони ташкилот зарурати нигоҳ доштани «масофа на камтар аз 1 метр байни худ ва дигар одамон» -ро дар назар доранд.

Ҳамзамон чунонки «РИА Новости» хабар медиҳад, ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли ниқобҳо дар Чин  аллакай ба 20 миллион дона расидааст, изҳор намуд  рӯзи душанбе дар  нишасти матбуотӣ сармуҳандиси Вазорати саноат ва иттилоърасонии Ҷумҳурии Мардумии  Чин Тян Юйлун.

ТУТ истифодаи пурсамари ниқобҳоро ба хотири беҳуда сарф накардани захираҳои қиматбаҳо маслиҳат медиҳад.  Пӯшидани ниқоб дар ҳолате  тавсия дода мешавад, ки  нишонаҳои роҳи нафас (сулфа ва атса) аёнанд, ки эҳтимоли пайдо шудани 2019-nCoV-ро нишон медиҳанд ва ё вақте зарур аст, ки бемори шояд гирифтори коронавирусро нигоҳубин мекунанд.

ТУТ зикр намуд, ки амонати таҳвилёбанда аз Чин бехатар аст. Аз рӯи таҷрибаи  хурӯҷи дигар коронавирусҳо маълум  аст, ки онҳо «то дер дар чунин ашё, ба монанди  мактуб ё таҳвил зинда намемонанд».

Февраль 4, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид