Усули пешгирӣ намудани сирояти коронавирус маълум гардид

Февраль 4, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Узви Шӯрои машваратии коршиносони кумитаи  давлатии тандурустии  Чин Сзян Жунмэн оид ба паҳн гаштани роҳҳои  намуди нави коронавирус ва  тарзи  ҷилавгирӣ аз он сухан гуфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «РИА Новости».

Ба қавли ӯ, вируси 2019-nCoV тавассути роҳҳои қатрагӣ–ҳавоӣ вақти сулфидан  ё атса задан, инчунин  тариқи даст расондан ба бемор  мегузарад. Одатан он  ба масофаи 1-2 метр  паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд.

Бо ин ҳама, коронавирус имкони дар ҳаво  мондан надорад.

Аммо вирус  метавонад дар рӯи ашё пайдо шавад, масалан, аз  оби даҳони шахси сироятёфта. Он  вақт вай метавонад ба воситаи даст задан ба ҷисми инсон ворид гардад.

«Тадқиқотҳо  нишон доданд, ки вирус чанд соат дар рӯи ашёи ҳамвор имкони зинда  мондан дорад ва ҳамчунин дар ҳавои нам ва ҳарорати мувофиқ метавонад чанд рӯзи дигар  зинда бимонад.  Масалан, дар муҳите, ки намӣ 40 фоиз ва ҳарорати ҳаво 20 дараҷа аст, коронавирус то 5 рӯз вуҷуд дошта метавонад»,- Сзян Жунмэнро   иқтибос меорад «РИА Новости».

Мутахассис таъкид намуд, ки пайваста шустани дастҳоро фаромӯш насозед.

3 феврал табибони амрикоӣ дар бораи роҳҳои табобати коронавирус сухан  гуфтанд.  Илтиҳоби шуш, ки барангезандааш  коронавирус мебошад, охири моҳи декабр дар Ухан пайдо гашт. То 4 феврал дар Чин ба коронавируси 2019-nCoV 19 700  нафар одамон мубтало ва 425 нафар беморон ҳалок гаштанд.

Февраль 4, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд
Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд