Фаррух Ҳамрализода: «Ташкили портали интерактивии www.b2b.tj ба тақвияти содирот ва ҷалби сармоя ба мамлакат мусоидат менамояд»

Февраль 11, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва пайдо намудани шарики тиҷоратӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон портали интерактивии www.b2b.tj соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ташкил карда шуд.  Портали мазкур барои дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ, рушди фаъолияти онҳо, тақвияти содирот ва ҷалби сармояи мустақим ба мамлакат мусоидат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Ҳамрализода 11 феврал дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар натиҷа барои фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ, баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳа, суръат бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.

Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки раванди ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда соли гузашта имкон дод, ки 7 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шавад. Дар маҷмӯъ дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ 8 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо қариб 2,4 млрд. сомонӣ сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб мегардад.

Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 32,1 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад. Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,9 миллиард  сомонӣ ё 52,6 фоиз, маблағҳои грантӣ 13,6 миллиард сомонӣ ё 42,4 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 миллиард сомонӣ ё 4,4 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 190,7 миллион сомонӣ ё 0,6 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3,16 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

 

Февраль 11, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад