Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Султони Бруней-Доруссалом

Февраль 11, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Султони Бруней Доруссалом Ҳассанал Балкияҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати​ миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро​ ба унвони Султони Бруней Ҳассанал Балкияҳ​ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» дар Душанбе супорид.

Султони Бруней дуруду паёми самимонаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бо ишора ба сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Бруней дар соли 2010 таъкид намуд, ки танзими сафари ҷавобӣ мавриди пайгирӣ қарор хоҳад гирифт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва самимият сурат гирифт.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Февраль 11, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд