«Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020». Ба шарафи Наврӯзи байналмилалӣ намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад. Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 11:00-и шаб идома меёбад.
Дар ин бора аз Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ мебошад. Ҳамасола иди Наврӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бо муҳаббати беандоза таҷлил мегардад.
Аз ин рӯ ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд. Директори Маркази миллии “Иттифоқи ҳунармандон” Нигина Икромӣ иброз дошт, ки ташкили ярмаркаи баҳорӣ, пеш аз ҳама, далели он аст, ки дар Душанбе ҳам барои баргузории чунин намоишгоҳҳо ҷойи махсус вуҷуд дорад ва ҳамагон метавонанд тӯли як моҳ бо кори ҳунармандони мо аз наздик шинос шуда, туҳфаҳову ширинӣ харидорӣ намоянд.









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






