Академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ: «Аҷдодони хушбини мо 8 ҳазор сол пеш ба орзу ва ниёзҳои инсон, ки аз суннатҳои наврӯзист, рӯй оварда буданд»
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардиданд. Рамзҳои мазкур аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудаанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ яке аз муаллифони лоиҳаи ин рамз академик Юсуфшоҳ ЯЪҚУБШОҲ иброз намуд, агар ба рамзи Наврӯз назар андозем, мебинем, ки маънии аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст. Наврӯз аз қадимитарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба зиндагии нав шурӯъ мекунад.
Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост. Истиқбол ва ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то замони муосир арзишҳои худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ дар шаҳру деҳот бо базму тараб ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ба туфайли Истиқлолияти миллӣ маросими наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар доир карда мешаванд. Ҷашни Наврӯз ҳамчун иди баҳор бо пешвозгирии иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани чаманзору хиёбону кӯчаҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, коштани сабзаҳо аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ ба шумор меравад. Ҷашни Наврӯз аз ҳамон ибтидои зуҳур ва расмӣ шудан дар ду шакл таҷлил мегардид, яке Наврӯзи хос, яъне наврӯзи ташрифотӣ бо расму одоби дарборӣ ва дигар Наврӯзи омма бо суннатҳои мардумӣ.
Донишманди тоҷик зикр кард, ки суннату анъаноти бешумори Наврӯз ва шарҳи рамзу маънои онҳо мавзӯи ҷолиб ва ниҳоят васеъ буда, ҳар кадом таҳқиқи бисёр мехоҳад. Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо назардошти суннату анъанаҳо бар асоси пешниҳодоти муътамади таърихии донишмандони тоҷик омода карда шудааст.
Тамаддуни кишоварзии халқи тоҷик на кам аз 8 ҳазор сол таърих дорад. Дар байни тоҷикон як силсила расму оини тақвимӣ вобаста ба фасли баҳор роиҷ мебошанд. Ин расму оинҳо ба серҳосилӣ ва бо андешаи нав эҳё шудани олами наботот вобаста аст. Наврӯз ба олами наботот пайвастагии зиёд дорад. Ниёгони мо чанд рӯз пеш аз ид дар 12 зарфи махсус намудҳои гуногуни зироат, аз ҷумла гандумро сабзонда, омадани кишти деҳқонро аз рӯи ҳолату сабзиш ва ҳосилнокии онҳоро пешбинӣ менамуданд. Аз рӯи муғчаҳои дарахтон ҳосилнокии дарахтонро маълум мекарданд.
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз суманаки арчамонанд ва ҳафт табақ иборат мебошад. Суманак рамзи баҳору Наврӯз ва сабзишро ифода мекунад. Як нишонаи аз нав эҳё шудани ҳаёт сабзиш, яъне, бузургшавиро дорад. Суманак дар умум намунаи растиши олами набототу ҳайвонот аст.
Масалан, сабзаи дамида нишонаи покӣ, хуррамӣ, борварӣ ва фаровонӣ мебошад. Бино ба расми қадими ориёҳо, аҳли хонавода ҷашни рӯзи навро ба покӣ пешвоз мегирифтанд, поку покиза даромади соли навро интизор мешуданд.
Суманак аз ҳафт табақ иборат аст. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Адади ҳафт аслан рамзӣ аст ва дар тасаввуроти мардумони ҳамон давра рақами бузург буд. Дар бораи адади ҳафт нақлҳо гуногунанд. Баъзеҳо тахмин кардаанд, ки сабаби интихоби адади ҳафт, ки аз қадим мавриди таваҷҷуҳи ҳама будааст, шояд шинохти ҳафт ситора (ҳафтдодарон) ва ё ҳафт ранги табиат бошад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки он теъдоди фариштагони муқарраб ва ҷовидон аз кеши зардуштӣ аст.
Дар тасаввуроти мардуми ҳамон давр дунё маҳдуд буд ва аз ҳафт қабат иборат буд. Дар тасаввуроти ҳамон давра агар чӣ қадар боло равем, гӯё ба Худо наздиктар мешавем. Собиқаи «ҳафтсин» бисёр қадим аст ва то ба замони Ҷамшед мерасад. Абурайҳонӣ Берунӣ иттилоъ дода, ки собиқаи ҳафтсин ба рӯзгори ниёпарастӣ мерасида ва дар он давру замон «ҳафтшин» дар сари дастархони наврӯзӣ маъмул будааст. Рӯзгоре низ буда, ки «ҳафтмим» (мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу) – ро дар суфраи наврӯзӣ мегузоштанд, маълумоти ёдшуда аз густардагӣ, гуногунӣ ва рангорангии суфраи наврӯзӣ дар давру замонҳои дури аҷдодамон дарак медиҳанд. Дар ҷашни Наврӯз аз 7 навъи зироати донагӣ хӯроке бо номи гандумкӯча тайёр мекунанд. Ба ақидаи мардум, ин барои серҳосилии зироати соли дарпешистода ва барқарор намудани неруи худи одамон пас аз фасли сармо мусоидат мекунад. Инчунин ҳамон давра заминро ҳам мисли табақ меҳисобиданд.
Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Гирдогирди табақҳо аз нақшҳои гуногун иборат буда, табиати диёрро инъикос менамоянд. Нақши ин тасвирҳо рамзнок буда, аз табори ориёӣ будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст. Омад — омади баҳор ва омода намудани замин барои кишт байни тоҷикони водиҳо ва кӯҳистон ба таҷлили ҷашни гулҳои нахустини баҳорӣ вобастагӣ дорад.
Сокинони деҳа, хусусан писарбачаҳо дастаи гули сияҳгӯшро гирифта, деҳқононро аз зинда шудани табиат ва омодагӣ ба корҳои саҳроӣ огоҳ менамуданд.
Бино ба нақли академики тоҷик, барои он суманак арчамонанд аст, ки ин ҳамон арчаест, ки дар ҷашни Сада оро дода мешуд. Гузаштагони мо дар ҷашни Сада арча оро медоданд, ки он намунаи зинда будани табиатро ифода мекунад. Он чароғакҳое, ки дар гирди арча оро дода шудаанд, намунаи офтоб аст. Сабзиш ва офтоб ду чизе ки ба ҳам алоқаманданд. Ин ҷашне, ки имрӯз мардуми масеҳӣ қабул кардаанд, ҳамон ҷашни Садаи мост.
Бино ба андешаи олими тоҷик, дар айёми Наврӯз ба эстетика ва беҳдоштӣ риоя намудан низ аз шартҳои таҷлили Наврӯз мебошад. Яке аз суннатҳои беҳтарини Наврӯз талқини покии ҷисму рӯҳ мебошад. Дар ҳақиқат дар омад-омади ҷашни Наврӯз шустушую поксозии бадан, либосҳои тоза дар бар кардан, хонаву ҳавлӣ ва боғҳои назди ҳавлигиро тозаву обод намудан аз шартҳои муҳими ҷашнгирии Наврӯз барои ҳар як хонадони солим аст. Аз ин ҷо бо муҳаббат, бо ишқ ва бо ихлосу эътиқод истиқболи намудани ҷашни Наврӯз барои беҳбуди ахлоқи ҳасанаи мардум ва иҷтимоӣ шудани онҳо кумак мекунад. Аз тарафи дигар, муносибати инсон ба табиат ва неъматҳои он афзоиш ёфта, боиси пешрафт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавӣ, яъне табиатдӯстӣ мегардад.
Аз рӯи маълумоте, ки дар интернет мавҷуданд, илми имрӯз собит мекунад, ки дар таркиби сабзаи гандум моддаҳое вуҷуд доранд, ки ба ҷавон кардани узвҳо мусоидат карда, ба одам неру мебахшанд. Дар ҳоле ки дар аввали баҳор тану ҷон суст мешавад ва ба ғизо ниёз дорад.
Ду даҳсола аст, ки ҳунармандони Ҳолливуд ҳар субҳ аз оби сабзаи навруста 25 — 30 грамм менӯшанд, ки ба тан неру ва ба чеҳра нуру сафо мебахшад ва дар илми имрӯзаи Аврупо бо номи Видграсс шуҳрат дорад. Онҳо мисли мардуми мо гандумро дар зарфҳо (фақат кӯчактар) мехобонанд ва пас аз сабзидан қисмати болоро дукорда (қайчӣ) карда, ба шарбатсофгар андохта, ба болояш 50-60 милилитр об илова карда, то баромадани рангу шира коркард мекунанд. Пасон ду кас метавонад бемалол онро нӯши ҷон кунад.
Манзур, аҳамияти сабзаро садҳо сол қабл ниёгони мо медонистанд ва воқеист, ки суманак ғизои озодагон будааст.
Вақте ба рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз назар мекунӣ, ба «аҳроми Маслоу», ки онро «пирамидаи ниёзҳои инсон» низ меноманд, хеле монандӣ дорад. Вале, академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ зикр кард, ки ин рамз ба «аҳроми Маслоу» ягон иртибот надорад. Аҷдодони хушбини мо 8 ҳазор сол пеш ба орзу ва ниёзҳои инсон, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, рӯй оварда буданд. Аҷдодони хушзавқи мо ҷашни наврӯзро сохтанд, нигаҳ доштанд ва мо имрӯз ҳам бо ҳамон умеду ормонҳои пешин онро истиқбол мегирем, ситоиш мекунем ва аз файзи қадами он беҳрӯзиву саодат металабем. Ситоиш мекунем ниёкони некноми худро, ки зеботарин ҷашни ҳамбастагии инсону табиатро дар дунё офариданд, ҷашни ростиву дурустӣ, ҷашни бе ниқобу бе дурӯғеро, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо инсони дербовару муғамбири муосир, ки ҳар падидаи наву кӯҳнаи оламу одамро пеш аз қабул дар сад тарозу месанҷад, онро аз ҳар ҷиҳат сарвату мероси умумибашарӣ ёфта, билохира ҷойгоҳи баланду муҳтарами ӯро дар таърихи фарҳанги ҷаҳон қоил шудааст.