ҲАМА БА ИНТИХОБОТ. Ба номзади арзанда овоз медиҳем!

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ин лаҳзаҳо дар тамоми участкаҳои интихоботии ҷумҳурӣ маъракаи овоздиҳӣ идома дорад. Интихобкунандагон дастаҷамъона барои интихоби номзади арзанда ба ҳавзаҳои интихоботӣ ворид гашта истодаанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар участкаи №29, ки дар бинои Гимназияи рақами 2-и ноҳияи Шоҳмансур воқеъ гардидааст, 2 ҳазору 997 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 7 нафари онҳо бори аввал овоз медиҳанд.
Ба иттилои муовини раиси участка Асадулло Файзуллоев, то соати 09:00 пагоҳӣ зиёда аз 300 нафар интихобкунандагон овоз додаанд. Маъракаи овоздиҳии сокинон бо ҷараёни тоза идома дорад.