Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Дар рушди бонкдории мамлакат занон саҳми шоиста доранд»
ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ»Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар, ки 8 март дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва бонувони корманди бонк ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бонувони Бонки миллиро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуда ба онҳо саломатӣ ва саодати рӯзгор таманно намуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки модар воқеан азизтарин шахс барои инсон, чароғи фурӯзони ҳар хонадон, нахустин мураббию муаллими фарзанд ба ҳисоб рафта, ҳамеша сазовори меҳру муҳаббат ва эҳтирому ғамхорӣ мебошад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мусоидат намуд. Пешвои миллат нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва дастгирӣ мекунанд.
«Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон – модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо босамар фаъолият доранд. Бовар дорем, ки занону модарон минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш хоҳанд кард, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд»,-иброз дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Дар фаъолияти бонкдории мамлакат нақши бонувон шоиста арзёбӣ мешавад. Дар Бонки миллии Тоҷикистон занон дар ҳамаи зинаҳои кору роҳбарӣ мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат шаҳодат медиҳад. Инчунин изҳори умедворӣ карда шуд, ки занону модарони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми мамлакат ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин бо дастур ва аз номи Пешвои миллат занони собиқадори бонк, ки солҳои тӯлонӣ барои рушди низоми бонкии мамлакат софдилона заҳмат кашидаанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд. Инчунин заҳмати содиқонаи як гурӯҳ бонувон, ки дар Бонки миллӣ фаъолияти пурсамар анҷом додаанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардид.









Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






