«Ба Тоҷикистон баҳори нозанин омад…». Имрӯз аввалин рӯзи фасли баҳор аст

Март 1, 2020 08:08

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали фасли баҳор аст. Ба Тоҷикистон баҳори нозанин омад.  Баҳор  айёми  зиндашавии табиат,  фарорасии  гармӣ, фасли дилангезу дилнишин, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзист.

Тоҷикон баҳорро дӯст медоранд

Баҳор барои  тоҷикон дӯстдоштатарин фасли сол аст.  Шояд дар дунё ҳеҷ  мардуме  ба мисли тоҷикон омадани фасли баҳорро интизорӣ  накашанд  ва дар васфаш таронасароиву базмҳо  барпо насозанд. Ҷашни  Наврӯзи дилафрӯз  бо ҳама ҳашаматаш  нишони муҳаббати беандозаи мардуми мо ба ин фасли гулафшон аст.

Як ҷиҳати баҳорро дӯст доштани тоҷикон   дар он аст, ки дар ин фасл Тоҷикистон  ба гулистону бӯстон табдил меёбад, ки  аз тамошои табиати дилрабои он  чашми кас  серӣ надорад. Аз нақҳати атрогини ҳавои баҳории сарзамини тоҷикон кас роҳат мебарад. Дар зери     кӯҳҳои сарбафалаки  пур аз барфаш рӯидани гулҳои сияҳгӯшу лоларо дида,  сайри табиати дилфиреби онро намуда,   шукрона мекунем, ки чунин Ватани дорои табиати нотакрор  дорем.    Ин ҳама моро  бори дигар раҳнамуд месозад, ки  ҷиҳати ободию пешравии Тоҷикистони азиз  боз ҳам  камари ҳиммат бандем:

Дӯстон, рӯзи баҳор аст, муборак бошад,
Шодии хешу табор аст, муборак бошад.

Агар фасли баҳорро мо зиндашавии табиат гӯем, онро фасли марди деҳқон низ мегӯянд. Зеро баҳор оғози кишту кор, фасли эҳё, мавсими рангорангиҳои зебои табиат, замонест, ки марди деҳқон дар такопӯ афтида, барои пур кардани хони мардум заҳмат мекашад.

Баҳор омад, ки он деҳқони корӣ,
Камар бандад паи кишти баҳорӣ.
Ғанимат донад ин фасли накӯро,
Кашад аз баҳри роҳат ранҷу хорӣ.

Тавре бузургон мегӯянд, «ҳар шахсе, ки ниҳолеро шинонад ё зироатеро кишт кунад ва аз он  дигарон нафъ бардорад, он барояш садақа аст».

Аз ин рӯ марди деҳқон дар фасли баҳор барои пур кардани хони мардум камари ҳиммат мебандад.

Марди деҳқон бо дили гарму орзуҳои ширин ба корҳои баҳорӣ машғул гашта, ба самара ва натиҷаи он умеди зиёд мебандад.

Анъанаи беҳтарини баҳор — ниҳолшинонӣ

Мардуми мамлакати мо бо омад- омади фасли баҳор маъракаи ниҳолшинониро оғоз менамоянд.

Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифтаву бо шарофати он гӯшаву канорҳои шаҳру деҳотамон боз ҳам бештар сабзу хуррам гардида истодаанд.

Ҳамчунин дар ин росто  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 январи соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба имзо расид. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 20 модда иборат буда, масъалаҳо роҷеъ ба идоракунии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, аз қабили танзим ва дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори  давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ, инчунин суғуртаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарвариро ба танзим медарорад.

Ҳадафи асосии Қонун — ин ташаккули низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре дар суҳбат бо мо сардори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Назарзода иброз намуд, дар ҷумҳурӣ 13 хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ фаъолият менамоянд. Асосан хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, хоҷагии ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор,  хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  хоҷагии ниҳолпарварии  ба номи Ғайбулло  Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хоҷагии ниҳолпарварии «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагиҳои  давлатии  ниҳолпарварии фаъол ва муваффақ дар масъалаи парвариш ва ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз  дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд.

Мавсуф иброз намуд, ки имсол Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар» дар маҷмӯъ 1 141 474 бех ниҳолҳоро барои  фӯруш тайёр ва пешниҳод намуд. Ҳамчунин дар нақша доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ниҳолҳоро бештар  намоянд.

Ниҳолпарварӣ ва ниҳолшинонӣ меросест аз гузаштагони пурифтихори мо. Имрӯз бо сиёсати Сарвари давалат он рӯз то рӯз рушд менамояд.

Баҳор фасли пур аз ҷашнҳост

Дар фасли баҳор ба ҷуз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст, ки 21 — 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин 8 март — Рӯзи Модар, 11 март-Рӯзи матбуоти тоҷик, 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин озмуни «Сайри гули лола» ва Фестивали  фарҳангӣ — фароғатии «Чакомаи гесӯ»-ро ҷашн мегиранд.

Шоири равоншод Бозор Собир омадани баҳорро чунин тасвир намудааст:

Баҳор омад:

Бояд бо дарахтон буд,

Бо дарахтон аз замин рӯид,

Бо лолазорон дар замин сурхид

Ва бо парвонаҳо буд,

Ки чун гулбарг мерезанду мерезанд

Ва бо рангинкамон буд,

Ки аз он рангҳо ҷорист.

Бояд ошиқ буд, ошиқ буд, ошиқ буд,

Як даме бо резаборон,

Як даме бо бӯсаборон буд.

Баҳор омад, баҳор омад,

Март 1, 2020 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад