Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди коронавирус таҷҳизоти муҳофизатӣ тақдим гардид

Март 20, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, мутаассифона ба ҳолати субҳи 20 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ ба 569 нафар расид. Хушбахтона, то имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати ммлакат чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирусро тақвият медиҳад. Бо ин мақсад мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро  Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода бар ӯҳда дорад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади татбиқи чораҳои пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бо паҳншавии коронавирус аз ҷониби баъзе созмонҳои байналмилалӣ низ кӯмакҳои молиявӣ ва таҷҳизоти муҳофизатӣ тақдим шудаистодданд.

Чанде қабл ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, аз қабили 6000 маҷмӯи якмасрафа, 5000 либоси якмасрафа, 15000 дастпӯшак, 6500 респиратор, 1500 ҷуфт мӯзаи обногузар, таҷҳизот барои пешгирӣ ва дигар лавозимоти зарурии санитарӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар ҷаҳон  мавод ва молҳои зикршуда барои пешгирии вируси мазкур метавонанд кумак расонанд.

Март 20, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон