Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди коронавирус таҷҳизоти муҳофизатӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, мутаассифона ба ҳолати субҳи 20 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ ба 569 нафар расид. Хушбахтона, то имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати ммлакат чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирусро тақвият медиҳад. Бо ин мақсад мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода бар ӯҳда дорад.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади татбиқи чораҳои пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бо паҳншавии коронавирус аз ҷониби баъзе созмонҳои байналмилалӣ низ кӯмакҳои молиявӣ ва таҷҳизоти муҳофизатӣ тақдим шудаистодданд.
Чанде қабл ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, аз қабили 6000 маҷмӯи якмасрафа, 5000 либоси якмасрафа, 15000 дастпӯшак, 6500 респиратор, 1500 ҷуфт мӯзаи обногузар, таҷҳизот барои пешгирӣ ва дигар лавозимоти зарурии санитарӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар ҷаҳон мавод ва молҳои зикршуда барои пешгирии вируси мазкур метавонанд кумак расонанд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






