«БАЧАИ ОБӢ». Ин филми навест, ки «Тоҷикфилм» банаворгирии онро ба анҷом расонд

Март 12, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» банаворгирии филми наверо бо номи  «Бачаи обӣ» ба анҷом расонид, ки нақши асосиро дар он ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон Убайдулло Амон мебозад. Дар ин бора коргардони филми мазкур Файзулло Файз ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мавсуф иброз намуд, ки ҳунарманди маъруфи ӯзбек Убайдулло Амон бо даъвати Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар филми мазкур образи бобои Баракатро иҷро менамояд.

Убайдулло Амон зимни  суҳбат  иброз намуд, ки ӯ дар филмҳои истеҳсоли Россия нақши террористро мебозад ва дар филмҳои ӯзбекӣ нақши падари меҳрубонро иҷро мекунад. Филми «Бачаи обӣ» аз нигоҳи жанр барои Убайдулло Амон куллан сабку образи нав буд. Коргардон Файзулло Файз барои боз кардани паҳлуҳои зиёди ин образ бо ӯ мулоқоти зиёд анҷом додааст.

Бояд зикр кард, ки Убайдулло Амон дар филм бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд ва ба таъкиди худаш, вай тоҷики бухороӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал барои сабти филм деҳае дар паҳлӯи «Баҳри Тоҷик» сохта шуд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони ҷавон Файзулло Файз дар ҳоли анҷом қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури ҳаводорон мегардад.

Март 12, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд