Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон иншооти сайёҳӣ баста мешаванд

Март 4, 2020 13:29

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби паҳн гаштани коронавирус, ки  тақрибан ба 90 ҳазор одам дар ҷаҳон сироят кардааст, дар кишварҳои гуногун иншооти сайёҳӣ ва маконҳои тамошобоб баста мешаванд, хабар медиҳад  CNN.

Ҳанӯз 24 январ яке аз аввалинҳо  шуда «Disneyland» дар Шанхайи Чин  баста шуд, ки дар бораи санаи боз шудани он чизе гуфта нашудааст. Баъди он «Disneyland»  ва боғи фароғатии «Ocean Park»  дар Гонконг, (ноҳияи маъмурӣ дар ҷанубу шарқи Чин) фаъолияти худро боздоштанд. Дар Япония то 16 март «Disneyland»  ва  боғи обӣ (аквапарк) «DisneySea»-ро  низ бастаанд. Таиланд аз 3 март  баста шудани  боғи фароғатии «Legend Siam»-ро   эълон намуд.

Дар осорхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои  фарҳангӣ  низ аз сабаби коронавирус таътили бенақшаро оғоз намуданд. Масалан, дар Франсия 1 март Лувр дарҳои худро ба рӯи меҳмонон баст. Роҳбарияти осорхона бо Кумитаи масъалаҳои истисноии  саломатӣ, бехатарӣ ва шароити корӣ санаи имконпазири кушодани онро муҳокима менамоянд.

Дар Чин  тамоми осорхонаҳо муваққатан  баста шудаанд. Аммо, онҳо ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд ва коллексияҳои худро тариқи онлайн муаррифӣ месозанд.

Дар Япония  Осорхонаи санъати бадеии Мори, Осорхонаи миллии санъати муосир ва осорхонаи миллии Киот ба қатори басташудаҳо дохиланд. Маросими ифтитоҳи муассисаи маъруфи сайёҳии Токио – бурҷи телевизионии  «Tokyo Skytree»  15 март дар  нақша  аст.

Дар Ҷумҳурии Корея  Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии санъати муосири миллӣ дарҳои худро  ба муҳлати номуайян бастаанд. Сайрҳои муташаккилонаи гурӯҳӣ ба маҷмааи қасри  Кенбоккун,  яке аз ҷойҳои машҳуртарини  кишвар боздошта мешаванд.

Дар Милан, Венетсия ва дигар шаҳрҳои шимоли Италия низ осорхонаҳои зиёд то муддати номуайян баста шудаанд. Оғоз аз 23 феврал театри овозадори операи Милан «La Scala» аз фаъолият бозмондааст.

Ҳолатҳои нави сирояти коронавирус ҳар рӯз тасдиқ мешаванд, бинобар ин, баста шудани маконҳои тамошобоби сайёҳӣ дар кишварҳои гуногуни олам имконпазир аст. Маълумот дар бораи кори осорхонаҳо, боғҳои фароғатӣ ва дигар муассисаҳоро бояд дар сайти расмии онҳо қаблан муайян намуд.

Акс Reuters

Март 4, 2020 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон