Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон иншооти сайёҳӣ баста мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби паҳн гаштани коронавирус, ки тақрибан ба 90 ҳазор одам дар ҷаҳон сироят кардааст, дар кишварҳои гуногун иншооти сайёҳӣ ва маконҳои тамошобоб баста мешаванд, хабар медиҳад CNN.
Ҳанӯз 24 январ яке аз аввалинҳо шуда «Disneyland» дар Шанхайи Чин баста шуд, ки дар бораи санаи боз шудани он чизе гуфта нашудааст. Баъди он «Disneyland» ва боғи фароғатии «Ocean Park» дар Гонконг, (ноҳияи маъмурӣ дар ҷанубу шарқи Чин) фаъолияти худро боздоштанд. Дар Япония то 16 март «Disneyland» ва боғи обӣ (аквапарк) «DisneySea»-ро низ бастаанд. Таиланд аз 3 март баста шудани боғи фароғатии «Legend Siam»-ро эълон намуд.
Дар осорхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ низ аз сабаби коронавирус таътили бенақшаро оғоз намуданд. Масалан, дар Франсия 1 март Лувр дарҳои худро ба рӯи меҳмонон баст. Роҳбарияти осорхона бо Кумитаи масъалаҳои истисноии саломатӣ, бехатарӣ ва шароити корӣ санаи имконпазири кушодани онро муҳокима менамоянд.
Дар Чин тамоми осорхонаҳо муваққатан баста шудаанд. Аммо, онҳо ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд ва коллексияҳои худро тариқи онлайн муаррифӣ месозанд.
Дар Япония Осорхонаи санъати бадеии Мори, Осорхонаи миллии санъати муосир ва осорхонаи миллии Киот ба қатори басташудаҳо дохиланд. Маросими ифтитоҳи муассисаи маъруфи сайёҳии Токио – бурҷи телевизионии «Tokyo Skytree» 15 март дар нақша аст.
Дар Ҷумҳурии Корея Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии санъати муосири миллӣ дарҳои худро ба муҳлати номуайян бастаанд. Сайрҳои муташаккилонаи гурӯҳӣ ба маҷмааи қасри Кенбоккун, яке аз ҷойҳои машҳуртарини кишвар боздошта мешаванд.
Дар Милан, Венетсия ва дигар шаҳрҳои шимоли Италия низ осорхонаҳои зиёд то муддати номуайян баста шудаанд. Оғоз аз 23 феврал театри овозадори операи Милан «La Scala» аз фаъолият бозмондааст.
Ҳолатҳои нави сирояти коронавирус ҳар рӯз тасдиқ мешаванд, бинобар ин, баста шудани маконҳои тамошобоби сайёҳӣ дар кишварҳои гуногуни олам имконпазир аст. Маълумот дар бораи кори осорхонаҳо, боғҳои фароғатӣ ва дигар муассисаҳоро бояд дар сайти расмии онҳо қаблан муайян намуд.
Акс Reuters








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд






