БОКС: Баҳодуру Шаббос бо роҳхати олимпӣ ба Ватан баргаштанд

Март 16, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 16.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш варзишгарони маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев аз  шаҳри Аммони Урдун ба Ватан баргаштанд. Масъулони соҳаи варзиш ва пайвандону ҳаводорони ин намуди варзиш онҳоро ба таври сазовор пешвоз гирифтанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони Урдун баргузор  шуд, Баҳодур дар вазни -63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар варзишгар ба ин  мусобиқа сафарбар гардида буд.

Ҳарду варзишгарони шинохтаи тоҷик аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бархурдор мебошанд.

Март 16, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад