Чин азми қатъӣ дорад, то дар мубориза бар зидди COVID-19 комилан пирӯз шавад

Март 31, 2020 12:21

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чин бо қатъияти тамом азм дорад, то дар мубориза бар зидди коронавирус комилан пирӯз шавад, алҳол дар Ухан ягон ҳолати нави  сироят мавҷуд нест, изҳор намудааст cафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Россия Чжан Ханхуэй дар мақолае, ки  махсус барои «РИА Новости» навишта шудааст.

«Ба шарофати муборизаи беамон, ки зиёда аз ду моҳ тӯл кашид, аз 18 март то имрӯз дар Ухан ягон ҳолати нави сирояти COVID-19  сабт нашудааст. Муддати 100 шабу рӯзи гузашта халқи Чин рӯзҳои сангинро паси сар намуд. Сараввал даҳшати рӯ ба рӯ шудан бо эпидемия, эҳсос намудани муқовимати нобаробар ва билохира пирӯзӣ дар ин набард. Мо ҳарос доштем, вале  ваҳшатзада нагаштем, дучори машаққату дарду заҳмат гаштем, вале  бидуни интизорӣ пайи рафъи он кӯшидем. Кунун бо ҷуръати тамом ният дорем эпидемияро пурра маҳв созем, мо он муборизаи шадидеро, ки  дар  ибтидо оғоз намудем, имрӯз анҷом мебахшем», — мегӯяд сафир.

Ба қавли ӯ, пас аз сар задани эпидемия Чин тамоми қуввату иродаи худро ба кор бурда, дар як муддати кӯтоҳ аз паҳншавии  сироят ҷилавгирӣ кард.

«Алҳол Чин чораҳои саривақтиро дар муқовимат алайҳи эпидемия ва ҷудо кардани минтақаҳое, ки он ҷо кор ва истеҳсолот барқарор мешаванд, ҳамоҳанг месозад»,- изҳор намуд дипломат.

Март 31, 2020 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон