Чин азми қатъӣ дорад, то дар мубориза бар зидди COVID-19 комилан пирӯз шавад
ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чин бо қатъияти тамом азм дорад, то дар мубориза бар зидди коронавирус комилан пирӯз шавад, алҳол дар Ухан ягон ҳолати нави сироят мавҷуд нест, изҳор намудааст cафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Россия Чжан Ханхуэй дар мақолае, ки махсус барои «РИА Новости» навишта шудааст.
«Ба шарофати муборизаи беамон, ки зиёда аз ду моҳ тӯл кашид, аз 18 март то имрӯз дар Ухан ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 сабт нашудааст. Муддати 100 шабу рӯзи гузашта халқи Чин рӯзҳои сангинро паси сар намуд. Сараввал даҳшати рӯ ба рӯ шудан бо эпидемия, эҳсос намудани муқовимати нобаробар ва билохира пирӯзӣ дар ин набард. Мо ҳарос доштем, вале ваҳшатзада нагаштем, дучори машаққату дарду заҳмат гаштем, вале бидуни интизорӣ пайи рафъи он кӯшидем. Кунун бо ҷуръати тамом ният дорем эпидемияро пурра маҳв созем, мо он муборизаи шадидеро, ки дар ибтидо оғоз намудем, имрӯз анҷом мебахшем», — мегӯяд сафир.
Ба қавли ӯ, пас аз сар задани эпидемия Чин тамоми қуввату иродаи худро ба кор бурда, дар як муддати кӯтоҳ аз паҳншавии сироят ҷилавгирӣ кард.
«Алҳол Чин чораҳои саривақтиро дар муқовимат алайҳи эпидемия ва ҷудо кардани минтақаҳое, ки он ҷо кор ва истеҳсолот барқарор мешаванд, ҳамоҳанг месозад»,- изҳор намуд дипломат.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






