CУТ барои муолиҷаи COVID-19 ба ҷои ибупрофен паратсетамол тавсия медиҳад

Март 19, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳангоми табобати коронавируси SARSCoV-2 ба худдорӣ аз истифодаи доруҳои дорои ибупрофен даъват намуда, ба паратсетамол афзалият додааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора котиби матбуоти СУТ Кристиан Линдмайер ибрози назар намуд.

«Ҳеҷ далели наве нашр нашудааст, ки ибупрофен хатари фавтро (ҳангоми COVID-19) зиёд мекунад. Тадқиқот нокифояанд ва коршиносон ин маълумотро меомӯзанд», — зикр намуд ӯ ва илова кард, ки аз ин рӯ, ҳангоми гузаронидани тадқиқот беҳтар аст, ки аз истифодаи ин дору барои худмуолиҷа худдорӣ намоем.

Ҳамзамон Линдмайер таъкид кард, ки агар доруҳои дорои ибупрофен аз ҷониби духтур таъйин шуда бошанд ва бо сабабҳои тиббӣ зарур бошанд, онҳоро истеъмол кардан мумкин аст, менависад «Газета.Ру».

Ба ҳолати 19 март дар Россия 147 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Шаҳри Вуҳани Чин ба маркази гирифторӣ табдил ёфт. Тибқи маълумоти Worldometer, ба ҳолати 19 март дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар мубтало гашта, зиёда аз 85,7 ҳазор нафар шифо ёфтанд ва 8,9 нафар вафот кардаанд.

АКС аз ТАСС / Донат Сорокин

Март 19, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон