CУТ барои муолиҷаи COVID-19 ба ҷои ибупрофен паратсетамол тавсия медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳангоми табобати коронавируси SARS—CoV-2 ба худдорӣ аз истифодаи доруҳои дорои ибупрофен даъват намуда, ба паратсетамол афзалият додааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора котиби матбуоти СУТ Кристиан Линдмайер ибрози назар намуд.
«Ҳеҷ далели наве нашр нашудааст, ки ибупрофен хатари фавтро (ҳангоми COVID-19) зиёд мекунад. Тадқиқот нокифояанд ва коршиносон ин маълумотро меомӯзанд», — зикр намуд ӯ ва илова кард, ки аз ин рӯ, ҳангоми гузаронидани тадқиқот беҳтар аст, ки аз истифодаи ин дору барои худмуолиҷа худдорӣ намоем.
Ҳамзамон Линдмайер таъкид кард, ки агар доруҳои дорои ибупрофен аз ҷониби духтур таъйин шуда бошанд ва бо сабабҳои тиббӣ зарур бошанд, онҳоро истеъмол кардан мумкин аст, менависад «Газета.Ру».
Ба ҳолати 19 март дар Россия 147 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Шаҳри Вуҳани Чин ба маркази гирифторӣ табдил ёфт. Тибқи маълумоти Worldometer, ба ҳолати 19 март дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар мубтало гашта, зиёда аз 85,7 ҳазор нафар шифо ёфтанд ва 8,9 нафар вафот кардаанд.
АКС аз ТАСС / Донат Сорокин








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






