Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Март 4, 2020 16:11

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 феврали соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Ба ин муносибат имрӯз  дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи мазкур хабар доданд.

Ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода аз номи устодон, кормандон, донишҷӯёну магистратон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгириҳои пайвастаашон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мамлакати мо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба тараққиёт ва дастовардҳои бузург дар соҳаҳои гуногун ноил гардид, ки ин ҳама маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мебошад.

Академия  ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар низоми миллии омода сохтани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилаӣ мавқеи мустаҳкам пайдо кардааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва инноватсия равона гардидааст, ки аксарияти устодон мавзӯъҳои корҳои илмиашонро дар шӯрои олимон тасдиқ намудаанд.

Таъкид гашт, ки пешрафт ва рушди хизмати давлатӣ дар раванди гузариш ба марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ аз мутахассисони баландпоя вобастагии калон дорад. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ саҳми назаррас дорад.

Хусусан, бунёди шаҳраку гулгаштҳо, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, сохтмони роҳу пулҳои сатҳи байналмилалӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ далели ин гуфтаҳост.

Зикр шуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶумҳурииТоҷикистон таъсис ёфт ва тарҳи бинои нав, ки аз 12 ошёна иборат аст, пешниҳод гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки 1 сентябри соли 2019 Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз намуданд, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин таҳлили илмии сифат, самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Ҳадафи ин иқдомро Сарвари давлат аз тарафи устодони Академия тайёр кардани кадрҳои муосири роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд. Ин иқдом метавонад инчунин ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Фаридун Бобозода зикр кард, ки “мояи ифтихор ва сарфарозии мо — устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантони Академия аст, ки Президенти мамлакат зимни ташриф ба Донишка ва ифтитоҳи бинои нав дастур доданд, ки имрӯз зарурат ба миёни омадааст, ки Донишкадаро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил диҳем. Ва чунин ҳам шуд”.

Хушбахтона, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати табдил додани Донишкада ба Академия дар як муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёфт. Яъне Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 феврали соли 2020 ба имзо расид, ки ин бешак, мояи ифтихор аз ватандорӣ ва ҳувияту худшиносии ҳар як устод, корманд, магистрант ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Март 4, 2020 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад