Дар мактаби №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии судманди кормандони милиса бо омӯзгорон ва хонандагону волидони онҳо доир гардид

Март 19, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чӣ бояд кард, то шавқу ҳаваси хонандагонро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ  ва варзиш бедор созем? Баҳри пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, беҳудагардии онҳо аз кадом усулҳои наву муассири таълиму тарбия  истифода барем? Нақши оила, мактаб ва ҷомеа дар ин раванд то куҷо таъсиргузор аст?

Баҳри пайдо намудани посух ба ин саволҳо  18 март дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вохӯрии судманди  кормандони милиса бо омӯзгорон ва  хонандагону  волидони онҳо доир гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ноболиғон  ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд.

Зимни мулоқоти кормандони милитсия бо ҳайати омӯзгорону волидон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ бандҳои алоҳидаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз ҷумла, вобаста ба пешгирии амалҳои ношоиста миёни ноболиғону ҷавонон ва ба китобхонӣ, донишомӯзӣ ва варзиш  ҷалб намудани намояндагони ин насли ояндасоз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода оид ба масоили марбут ба сатҳи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила изҳор дошт, ки талаботи қонунгузории марбутаи мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар баробари волидон ва наздикону пайвандони ноболиғон ҳамзамон масъулияти мақомоту идораҳои дахлдорро низ баланд мебардорад.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба масъалаи таълиму тарбия, хусусан аз худ намудани донишҳои замони муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва риёзиву табиатшиносӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғибкунандаи илму дониш, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳар гуна маҳфилҳои ҳавасмандгардонии насли наврас дахл карда, чунин изҳор доштанд: «Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад, ки ин оқибати хуб нахоҳад дошт. Мо бояд барои ғани гардонидани маънавиёти насли наврас тамоми тадбирҳоро андешем».

Дар вохӯрӣ масоили марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон низ баррасӣ шуданд. Чанде аз волидони хонандагон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба бо мактабу мақомоти милитсия изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар идомаи вохӯрӣ зикр гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудаанд, ки ин ташаббуси созанда бисёр муҳиму саривақтист. Наврасону ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқимати худро сарфи корҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумиро низ аз бар намоянд. Бо омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавонанд давлати  моро ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар ҷамъомад роҳбари ҷавонони гурӯҳи «Авангард» Фирӯз Қодиров аз хонандагони муассисаи таълимии мазкур хоҳиш намуд, ки дар муносибат бо шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ эҳтиёткор бошанд. Дар вақтҳои зарурӣ аз интернет самаранок истифода бурда, барои ғанӣ гардонидани маърифату фарҳанг ва сатҳи илму донишандӯзии худ саъю кӯшиш намоянд.

Март 19, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад